ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

ҶСК “Соҳибкорбонк” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:

  1. Ҳуқуқшиноси асосии Хадамоти ҳуқуқ;
  2. Мутахассиси IT;
  3. Муҳандиси алоқа;
  4. Мутахассиси хавфҳо;
  5. Сардори Хадамоти HR.

Талаботҳои асосӣ нисбати довталабон:

1 . Ҳуқуқшиноси асосии Хадамоти ҳуқуқ:

  • дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи олии касбӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 5 сол;
  • қобилияти хуби таҳлилнамоии маълумотҳо, таҳияи хулосаву тавсияҳо;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.
  1. Мутахассиси IT:
  • дорои маълумоти олии техникӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи олии касбӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • шиносоӣ бо стандартҳои ҶТ ва байналмилалӣ оиди амнияти иттилоот;
  • таҷрибаи корӣ бо ҳифздеворҳо (Cisco ASA, Kerio Connect ва ғ.);
  • танзим ва идора кардани зерсистемаҳои амниятӣ, идоракунии ҳодисаҳои амниятӣ;
  1. Муҳандиси алоқа:
  • дорои маълумоти олии техникӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи олии касбӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 3 сол;
  • дорои дониши истифодаи амалии OS Unix (FreeBSD, Ubuntu);
  • танзим ва идора кардани маршрутизаторҳо, ҳифздеворҳо ва коммутаторҳо.
  1. Мутахассиси хавфҳо:
  • дорои маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи олии касбӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо на камтар аз 5 сол;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • дорои дониши молиявӣ, муҳосибавӣ, инчунин амалиётҳои қарзӣ, депозитӣ ва асъорӣ;
  • дорои дониши барномаи MS Office;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.
  1. Сардори Хадамоти HR:
  • дорои маълумоти олӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ дар сатҳи хуби касбӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ на камтар аз 5 сол;
  • донистани қонунгузории меҳнат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон.

Довталабони хоҳишманд метавонанд ҳуҷҷатҳои зерини худро то 15 майи соли 2018 ба Хадамоти кадрии ҶСК “Соҳибкорбонк” пешниҳод намоянд:

  1. варақаи шахсӣ;
  2. нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
  3. нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дорои маълумоти олӣ;
  4. нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ;
  5. тавсифномаи аз ҷойи кори пешина.

Барои ҳама довталабон  то синни 35 сола.

Эзоҳ: забони корӣ барои вазифаҳои ҳуқуқшиноси асосӣ, мутахассиси IT, муҳандиси алоқа, мутахассиси хавфҳо, сардори Хадамоти HR забони тоҷикӣ ва англисӣ мебошад.

Телефон барои тамос:

Хадамоти кадрии ҶСК “Соҳибкорбонк”

44-600-47-63

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×