Иди саиди Фитр муборак!

Иди саиди Фитр муборак!

Ҳамватанони азиз!

Имсол, рӯзи понздаҳуми июн моҳи шарифи Рамазон — моҳи тоату ибодат ва мағфирату бахшиш анҷом меёбад ва иди саиди Фитр фаро мерасад, ки онро мардуми мусулмон бо хушҳолӣ ва шодмонӣ ҷашн мегиранд.

Пеш аз ҳама, фарорасии иди саиди Фитрро ба тамоми мардуми  Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям.

Қобили зикр аст, ки моҳи шарифи Рамазон, моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат аст. Рӯза инсонро ба ростқавливу накӯкорӣ ва анҷом додани амалҳои нек раҳнамоӣ менамояд.

Имсол иди саиди Фитр дар арафаи таҷлили 21-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ фаро мерасад, ки ин рамзӣ аст. Зеро мусулмонон пас аз як моҳи сабру таҳаммул ба ваҳдати вуҷуди хеш мерасанд ва ин омили аслии Ваҳдати миллӣ аст. Итминон дорам, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози Ид барои сулҳу субот ва ваҳдату ҷовидонии Ватани маҳбуби худ ба даргоҳи Худои яккаву ягона сидқан дуо мекунанд.

Дар фарҷом бори дигар ҳамаи мардуми мусалмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо бахту иқболи нек, имони комил, ризқу рӯзии фаровон ва ба Ватани азизамон суботу оромӣ ва ваҳдати абадӣ орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак!

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь