Шанбегӣ кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк”  дар боғи “Дӯстии халқҳо”

Шанбегӣ кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк”  дар боғи “Дӯстии халқҳо”

Санаи 04 августи соли 2018 кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк” дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ ва бунёди гулгаштҳо дар боғи “Дӯстии халқҳо” саҳмгузорӣ намуданд.

Дар шанбегии мазкур зиёда аз 20 нафар кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк” дар шанбегии боғи “Дӯстии халқҳо” фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти шанбегӣ ҳашарчиён бо тавсияи мутасаддиёни бунёди гулгаштҳои боғ дар корҳои нарму омода намудани қитъаҳои заминҳо, кашонидани пору ва нуриҳои минералӣ, шинонидани гулҳои ороишиву мавсимӣ, кашонидани сангҳои ороишӣ, обдиҳии гулу гулгаштҳо ва ғайра саҳм гузошта, барои тоза намудани роҳраву хиёбонҳои боғ аз партовҳо кӯмак намуданд.

Дар анҷоми маърака, ба кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк” барои меҳнати софдилона, гузоштани саҳми муносиб дар ободонии боғи мазкур ва расонидани ёрии амалӣ аз ҷониби масъулин изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь