Омӯзиши Забони англисӣ

Омӯзиши Забони англисӣ

Бо ташаббуси Роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” барои кормандони Бонк бо ҷалби Омӯзгорони Маркази таълимии “Қалам” омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд. Омӯзгорони Маркази таълимии “Қалам” дар тӯли 3 моҳ омӯзиши забони англисиро ба кормандони Бонк дар сатҳи гуногун вобаста аз қобилият ва дараҷаи забондонии ҳар як нафар корманд гузарониданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти омӯзишҳо ва хулосаи ниҳоии Омӯзгорон 22 нафар мутахассисони Бонк соҳиби сертификати омӯзишӣ гаштанд. Дар рафти супоридани сертификати омӯзишӣ муассиси Маркази таълимии “Қалам” Ҳакимов Абдулмаҷид Ҳусейнович, иҷрокунандаи вазифаи Директори Маркази мазкур Абдулҳаев Зоҳид Муҳаммадович ва Омӯзгор – Саидова Парвина Каримовна доктори илмҳои фалсафа дар соҳаи забоншиносӣ ва менеҷмент иштирок намуда, вобаста ба таваҷҷӯҳи Роҳбарияти Бонк ҷиҳати баланд бардоштани донишу таҷрибаи кормандон ва дастгирии мутахассисони соҳа дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ сипосгузорӣ намуданд. Дар навбати худ Раиси Раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк” Зардов Шералӣ Давлаталиевич баромад намуда, минатдории хешро ба Омӯзгорони Маркази таълимии “Қалам” ва Роҳбарияти он баён намуд. Номбурда аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз роҳандозии машғулиятҳои омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ ин пеш аз ҳама ба баланд намудани донишу малакаи касбӣ, иқтисодӣ ва молиявии кормандони бонк таъсири мусбии хешро расонида, барои пешравии фаъолияти бонк нақши муҳимро мебозад. Бинобар ба бонки исломӣ табдил додани Бонк, ҶСК “Соҳибкорбонк” кӯшиш менамояд, ки қисми асосии кормандони Бонк донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Вобаста аз ин, Роҳбарияти ҶСК “Соҳибкорбонк” тасмим гирифтааст, ки забондонии кормандони Бонкро боз ҳам мукаммал намояд. Аз ин лиҳоз, Бонк бо Маркази таълимии “Қалам” ҳамкориро давом хоҳад дод.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь