Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи Шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросимҳои мубораки дини мубини Ислом ва суннатҳои писандидаи тамоми мусулмонони ҷаҳон буда самимона табрик мегӯям.

Дар ин рӯз мусулмонони кишвари мо ба истиқболи иди Қурбон бо дастархони идона ороста омодагӣ мегиранд. Аммо иди Қурбон дар баробари суннати муҳими динӣ будан, инчунин дар худ арзишҳои волои инсондӯстиву инсонпарварӣ ва фазилатҳои нек, аз ҷумла силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешу ақрабо, беморону пиронсолон, зиёрати марқад ва поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоатро таҷассум менамояд.

Яке аз воҷиботи муҳими дини Ислом хайру сахо кардан дар ин рӯз аст, зеро ба қавли бузургони мо дилеро ба даст овардан баробари тавофи хонаи Худо кардан аст. Аз ин ҷост, ки Худованд дар бораи хайру сахо дар сураи «Нисо» фармудааст: «Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики ӯ насозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар некӣ ва ёрӣ кунед».

Имсол таҷлили иди Қурбон дар арафаи санаи муҳими сиёсӣ — Ҷашни Истиқлолият давлатӣ рост омад. Махсус қайд кардан мехоҳам, ки озодона ва бемамониат ба ҷо овардани аҳкоми иди Қурбон маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз кишвари азизи мо онро соҳиб аст. Аз ин сабаб, мо бояд ҳамеша ин арзиши миллиро ҳифз намоем ва муқаддас донем.

Пешвои миллати мо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ иброз намудаанд, ки дини Ислом – дини сулҳ, инсонпарвар ва муқаддас аст ва набояд онро бо ҳар гуна кирдору рафтор ва гуфтори ғалат олуда кард. Дар ин маврид мо мавқеи Сарвари давлатамонро ҳаматарафа пуштибонӣ мекунем.

Ин шабу рӯз ҳазорҳо сокини кишвари азизамон бо нияти адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо ба зиёрати хонаи Худо ва номи мубораки ҳоҷӣ мушарраф хоҳанд шуд. Бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва ободиву шукуфоиро талаб менамоянд. Мардуми шарифи кишвар бошад, ҳангоми адои намози ид барои пойдории ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии давлатамон дуо хоҳанд кард.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хушбахтиву хурсандӣ ва комёбиву шодмонӣ хоҳонам.

Ид муборак!

И.в. Раиси Райёсат
Ш.А. Анваров.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь