Истиқлолият муборак!

Истиқлолият муборак!

Ҳамватанони азиз!

Пагоҳ ба санаи сарнавиштсози миллати тоҷик – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бисту ҳафт сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо – ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯем.

Истиқлолияти давлатӣ, ки Ватани азизи мо — Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Метавон гуфт, ки ин рӯз оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Имрӯз мо хушбахтем, ки дар фазои сулҳу субот ва осоиштагии комил зиндагӣ дорем. Барои ин мо бояд ҳамеша ранҷу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомомалӣ Раҳмонро қадр намоем ва рисолати хешро дар роҳи ҳифзу ободии Ватан ва Истиқлолияти давлатӣ иҷро кунем. Нерӯи мо дар ягонагӣ ва ваҳдат аст ва танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва ваҳдати комил метавонем дар дунёи мутамаддин мақоми арзанда дошта бошем. Бинобар ин, мо бояд дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид бошем ва ин арзиши муқаддас – Истиқлолияти давлатиро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Бо чунин умедҳои нек бори дигар кулли мардуми Тоҷикистонро ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, иқболи нек ва ба Ватани азизамон сулҳу оромии ҷовидонӣ орзу менамоем.

Ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ муборак бод!

Бо камоли эҳтиром,

Раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк”

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь