Кушодашавии Маркази Хизматрасонии Бонкии ҶСК “Соҳибкорбонк” дар Фурудгоҳи байналмилалӣ

Кушодашавии Маркази Хизматрасонии Бонкии ҶСК “Соҳибкорбонк” дар Фурудгоҳи байналмилалӣ

Кушодашавии Маркази Хизматрасонии Бонкӣ ҶСК “Соҳибкорбонк” дар Фурудгоҳи байналмилалй. Бо мақсади вусатбахшии фаъолият худ, ба сатҳи баланд баровардани  чораҳои хуби дастрасӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, 9 ноябри соли  2018,  ҶСК “Соҳибкорбонк” дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе аввалин Маркази хизматрасонии бонкии худро расман ифтитоҳ менамояд. Ҳадафи асосии ифтитоҳи Маркази хизматрасонии бонкӣ дар бинои Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе пешниҳоди хизматрасони-ҳои молиявӣ-бонкӣ, интиқоли маблағ ва мубодилавӣ ба сокинон, мусофирон ва меҳмонони хориҷӣ мебошад. Бо таъсиси Маркази хизматрасонии бонкии  худ, ҶСК “Соҳибкорбонк” тасмим гирифтааст, ки бо ин роҳ ба муштариён  мусофирон ва меҳмононе, ки ба Ватани мо ташриф меоранд шароитҳои беҳтарини хизматрасонии молиявиро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам орад.  Ва бо ин роҳ мехоҳад собит намояд, ки Тоҷикистон низ ҷузъе аз ҷаҳони рушдёфтаи молиявӣ буда, онро метавон аз фурудгоҳи кишвар – дарвозаи Тоҷикистон эҳсос намуд. Дар Маркази хизматрасонии бонкии маркур ба мизоҷон амалиёт-ҳои бонкии зерин пешниҳод карда мешавад:

  • интиқоли пули барои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб;
  • пешниҳоди қарзҳои хурд (таъминшуда ва таъминнашуда) ва қабули пардохти қарз ва фоизҳои он;
  • кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои амонатии пасандозӣ барои шахсони воқеӣ;
  • амалиёти хазинавӣ (қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда ва осебдидаи коршоям);
  • амалиёти мубодилавӣ;
  • амалиётҳои мушовирии молиявӣ-
  • пардохти фоизи пасандоз ва пур кардани ҳисоби пасандоз бо шарти кушодани ҳисоби пасандоз ва нигоҳ доштани маблағҳои пулӣ;
  • ба муштариён расонидани хизматҳои машваратию иттилоотӣ;

Дастгирии ин иқдоми ҶСК “Соҳибкорбонк” аз тарафи маъмурияти Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе далели ҷонибдори рушди соҳаи бонкдории миллӣ ва тадбиқи лоиҳаҳои муосир будани онҳоро дорад, ки ин албатта боиси хушнудӣ аст.  

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь