Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорон

Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорон

Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «Соҳибкорбонк» таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Нозирони Бонк Ширинзода А. санаи 12 декабри соли 2018 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа инчунин аъзоёни Шӯрои нозирон, Раис ва аъзоёни Раёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк ширкат намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасии саҳмиядорон қарор гирифт:
Вобаста ба даъвати Раиси Раёсат, масъала дар бораи расмиёти гузариши ҶСК «Соҳибкорбонк», аз фаъолияти бонкии анъанавӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ, баррасӣ карда шуда қарори дахлдор қабул карда шуд.
Тибқи қарори Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк” мӯҳлати оғоз санаи 01.03.2019с. ва итмоми расмиёти гузариши ҶСК «Соҳибкорбонк», аз фаъолияти бонкии анъанавӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ санаи 01.08.2019с. муайян гардида, гузариш тибқи талаботҳои «Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ», ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2016, №203 тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин дар маҷлис масъалаи ивази номи нави фирмавии ҶСК “Соҳибкорбонк”, лоиҳаҳои Оинномаи Бонк, Низомномаҳои Шӯрои нозирон, Раёсат ва Ревизори Бонк, маъқул дониста шуда, ҳиссаи саҳмдорон дар сармояи оинномавии бонк ва андозаи он, салоҳияти Шӯрои нозирон ва Раёсати Бонк дар ҷараёни гузариш ва макони мақомоти идоракунии Бонк муқаррар карда шуд.
Аз нигоҳи мо, Маҷлиси баргузоршуда барои низоми бонкии кишвар ва худи бонк рӯйдоди муҳиму тақдирсоз буда, онро ҳамчун оғози марҳилаи рушди фаъолияти бонкдории бо принсипҳои исломӣ асосёфта дар кишвар ҳисобидан мумкин аст.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь