Маросими супоридани сертификатҳои “Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ” (ICD) ба кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк”

Маросими супоридани сертификатҳои “Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ” (ICD) ба кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк”

Рушди потенсиали зеҳнӣ, такмилдиҳии донишҳои назариявии кормандон дар бахши молия ва бонкдории исломӣ, яке аз ҷузъҳои асосии “Нақшаи табдилдиҳии Бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ” ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад коршиносону мушовирони варзидаи ҷаҳонӣ дар соҳаи молия, иқтисод ва бонкдории исломӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар доираи татбиқи нақшаи болозикр, давоми як ҳафта барои кормандони ҶСК “Соҳибкорбонк” аз ҷониби мушовирони “Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ” (ICD) семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯҳои зерин гузаронида шуданд:

  1. Асосҳои бонкдории исломӣ ва фарқияти бонкҳои исломӣ аз бонкҳои анъанавӣ
  2. Суботи бонкҳои исломӣ дар рӯёрӯи бӯҳронҳои молиявӣ
  3. Сохтори идоракунии бонкҳои исломӣ
  4. Маҳсулотҳои бонкдории исломӣ (Муробаҳа, Иҷора, Истисноъ, Салам, Мушорака ва Музораба)
  5. Тартибу усулҳои ҳисобкунӣ ва тақсимоти фоидаю зарар дар бонкҳои исломӣ.

Баъди ҷамъбасти семинарҳои омӯзишӣ ва гузаронидани тестҳои электронии санҷишӣ, ба 30 нафар мутахассисони Бонк сертификатҳои ICD супорида шуд.

Маросими супоридани сертификатҳои мазкур санаи 20 декабри соли 2018 дар бинои асосии бонк дар ҳузури Раиси Раёсати бонк мӯҳтарам Зардов Ш.Д. ва намояндаи ICD ҷаноби Сулаймон Далҳату Санӣ баргузор гардид.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь