Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк” бо Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

Вохӯрии Раиси Раёсати ҶСК “Соҳибкорбонк” бо Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

Санаи 12 апрели соли 2019 дар бинои ҶСК «Соҳибкорбонк» вохӯрии Раиси Раёсат Зардов Ш.Д. бо Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит номзади илмҳои фалсафа Асомиддинзода Тоҷиддин баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи табдилдиҳии ҶСК “Соҳибкорбонк” аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ гузаронида шуда, дар рафти он  масъалаи самтҳои ҳамкорӣ ва истифодаи потенсиалии ҷонибҳо дар оммавикунонии фаъолияти бонкии исломӣ, тайёр кардани мутахассисон ва роҳҳои ворид кардани фанҳои иқтисодӣ ба нақшаи таълимии Донишкада мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар аввал Раиси Раёсат Зардов Ш.Д. дар мавриди иқдомҳои пешгирифтаи бонк, таҷрибаи андӯхта, корҳои то имрӯз анҷомдодаи бонк дар самти дар амал ҷорӣ намудани низоми бонкии исломӣ ва нақшаву иқдомҳои минбаъдаи бонк маълумоти мухтассар манзур намуданд.

Ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Асомиддинзода Тоҷиддин аз дастовардҳои бонк дар татбиқи фаъолияти бонкии исломӣ изҳори хушҳолӣ ва иброз намуданд, ки ин иқдомоти Бонк қадами хеле устувор дар рушди иқтисоди нерӯманд хоҳад гардид. Ҳамчунин Асомиддинзода дар мавриди мушкилоти ҷойдоштаи соҳа, яъне норасоии мутахасиссон ибрози назар намуда ҷорӣ намудани фанни иқтисод ва молияи исломиро дар нақшаи таълимии муассисаҳои олии кишвар тақозои замон арзёбӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар қатори дигар муассисаҳои таълимии олии кишвар ба тарбияи мутахассисони лаёқатманд машғул мебошад. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ҷомеаи мо олимони соҳаи фиқҳи исломӣ хеле зиёданд ва онҳоро бояд барои сайқал додани донишашон дар самти фиқҳи муомилот ҷалб намоем. Мушкилоти мо асосан дар норасоии фақеҳони фиқҳи муомилот мебошад.

Раиси Раёсат тазаккур доданд, ки феълан бонк тамоми воситаҳоро дар ҳама ҷанбаҳо мавриди истифода қарор дода, ҳамкориҳоро бо ҳамаи сохторҳои марбута ба роҳ мондааст. Зардов Ш.Д. аз Ректори Донишкада даъват ба амал овард, ки дар омода кардани мутахассисон, ҷорӣ намудани фанни иқтисод ва молияи исломӣ ба нақшаи таълимӣ ва оммавигардонии он байни аҳолии мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро бинобар сабаби набудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар самти фиқҳи муомилот моро водор сохт, ки дар таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва аъзогӣ ба он, аз хориҷи кишвар мутахассисонро ҷалб намоем.

Бонкдории исломиро бояд ҳамчун консепсия ё мафҳуми иқтисодӣ қабул кард, на ҳамчун масъалаи динӣ. Низоми бонкии кишвар чун дигар бахшҳои иқтисодӣ, ниёз ба диверсификатсия дорад. Яъне барои рушди иқтисодӣ-молиявии кишвар дар низоми бонкии кишвар дар баробари бонкҳои анъанавӣ бонкҳои алтернативӣ (шарикӣ, исломӣ) низ бояд кору фаъолият кунанд. Дар аксари давлатҳои дунё барномаи давлатии миёнамӯҳлат ва дарозмуддати  рушди бонкдории алтернативӣ ва ривоҷу равнақи маҳсулотҳою хизматрасониҳои молиявии алтернативӣ (исломӣ) қабул карда шудаанд. Гумон мекунам, ки чунин барномаи миёнамӯҳлат ва дарозмуддати давлатии рушди бонкдории исломиро мо низ бояд дошта бошем. Дар мавриди дар амал татбиқ намудани фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвар ва дарёфти дастрасии маблағҳои дарозу арзони инвеститсионӣ Раиси Раёсат чунин ибрози ақида намуданд, ки бояд як барномаи миёнамӯҳлат ва дарозмуддати давлатии рушди бонкдории исломӣ дар кишвар то солҳои 2023-2025 тарҳрезӣ ва баррасӣ карда шавад.

Лозим ба ёддоварист, ки ин низом дар мамлакат як низоми ҷадид ва алтернативӣ аст ва солҳои қаблӣ ба омӯзишу пажӯҳиши он зарурати иқтисодӣ мавҷуд набуд. Аммо ҳоли ҳозир, зарурати фаврӣ барои чунин омӯзиш пайдо шудааст. Бар ин васила Раиси Раёсат Зардов Ш.Д.  устодони Донишкадаро дар асоси шартнома ҷиҳати омодасозии мутахассисони ин соҳа ва такмили донишу малака ва сатҳи ихтисосии кормандони бонк, даъват намуд.

Дар навбати худ Асомиддинзода аз тазкироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди татбиқи фанҳои муосир дар Донишкада ёддовар шуда, пешниҳодҳои Раиси Раёсатро қобили қабул арзёбӣ намуд.

Дар хотима тарафҳо пас аз муҳокимаи масъалаҳои болозикр ба мувофиқа омаданд, ки ҳамкориҳоро, дар ин самт густариш хоҳанд дод.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь