Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Низоми иқтисоди исломӣ” ва “Фаъолияти бонкии исломӣ”

Озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Низоми иқтисоди исломӣ” ва “Фаъолияти бонкии исломӣ”

Озмун бо мақсади мусоидат намудан ба рушди фаъолияти илмию татқиқотӣ дар соҳаи бонкдорӣ алалхусус фаъолияти бонкии исломӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахасисони соҳа, гузаронида мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмун ин муайян намудани беҳтарин мақолаи илмию татқиқотӣ дар мавзӯи  “Низоми иқтисоди исломӣ” ва “Фаъолияти бонкии исломӣ”, мебошад.

Ғолибони озмун (ҷойҳои 1, 2 ва 3) дар натиҷаи баррасии мақолаҳои иштирокчиён аз ҷониби комиссияи озмун, ки аз олимони соҳа ва кормандони бонк иборатанд ва мувофиқи талаботҳои муқарраршуда, муайян карда мешавад.

Ғолибони озмун аз рӯи талабот ва меъёрҳои зерин муайян карда мешавад:

  • Мавқеъият, аҳамияти илмӣ (амалӣ)-и мавзӯе, ки дар мақола муҳокима шудааст
  • Амиқии инъикоси мавзӯъ, мукаммалӣ ва пайдарпаии мантиқии баён
  • Аслияти таҳияи мавзӯъ, муносибати эҷодии фардӣ
  • Далелнокии мавқеъи дар мақола инъикосёфта
  • Услубшиносӣ ва воситаҳои забонӣ

Талаботҳои ҳатмӣ, ки шарти иштироки довталабонро дар озмун муайян месозад:

Дархост барои иштирок бояд аз тарафи довталаб аз рӯи шакли пешниҳодшуда пур карда шуда ба нишонии почтаи электронии info@skb.tj бо навиштаҷоти “барои иштирок дар озмуни Мақолаи беҳтарин” равон карда шавад.

Насаб ________________________________________________________________________

Ном__________________________________________________________________________

Номи падар (агар бошад)________________________________________________________

Ҷойи кор _____________________________________________________________________

Вазифа (ихтисос) ______________________________________________________________

Дараҷаи илмӣ (ҳангоми мавҷудияти он) ___________________________________________

Суроғаи почтаи электронӣ_______________________________________________________

Телефон барои тамос, инчунин дигар маълумот барои тамос__________________________

Дар дархост бояд Мақола бо формати .doc ё .pdf ва мувофиқ ба талаботҳои пешниҳодшуда замима карда шавад.

Дархост на дертар аз 1 августи соли 2019 равон карда шавад.

Барои иштирок дар озмун мақолаҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ татқиқотӣ, ки қаблан дар ягон нашриётҳо чоп нагардидаанд ва дорои натиҷаҳои нави аҳмияти муҳими соҳавӣ мебошанд, қабул карда мешаванд.

Мақолаҳое, ки барои иштирок дар озмун равон гардидаанд, баргардонида намешавад ва ҳақмузд ҳам дода намешавад.

Дархостҳое, ки ба талаботҳои муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд барои иштирок дар озмун роҳ дода намешавад ва бобати он, иштирокчӣ тавассути почтаи электроние, ки дархостро равон кардааст, хабардор карда мешавад.

Мӯҳлати охири пешниҳоди мақола 1-уми август ва маросими супоридани мукофотпулӣ рӯзи баргузории маракаи кушодашавии ботантанаи “Тавҳидбонк” дар ш.Душанбе, муайян карда мешавад.

Ҳамчунин ғолиби озмун, гирандаи ҷойи аввал мавзӯъи худро дар шакли рӯнамо (презентатсия) муаарифӣ менамояд.

Ғолиби озмун, ки аз ҷониби олимони соҳа муайян карда мешавад, шикоят аз рӯи натиҷаи озмун қабул карда намешад.

Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотпулии муқарраршудаи зерин сарфароз гардонида мешаванд:

Барои ҷойи 1 – 5000 сомонӣ;

Барои ҷойи 2 – 3000 сомонӣ;

Барои ҷойи 3 – 2000 сомонӣ;

Маълумот оиди натиҷаи Озмун ва инчунин мақолаҳои ғолибони озмун барои чоп дар сомонаи Бонк ва маҷҷалаи расмии БМТ “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” дар давоми соли ҷорӣ пешниҳод карда мешавад.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь