Семинарҳои омӯзишӣ дар филиали ҶСК “Соҳибкорбонк” дар ш.Хуҷанд

Семинарҳои омӯзишӣ дар филиали ҶСК “Соҳибкорбонк” дар ш.Хуҷанд

Яке аз ҷузъҳои асосии “Нақшаи табдилдиҳии Бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ” ин рушди потенсиали зеҳнӣ, такмилдиҳии донишҳои назариявии кормандон дар бахши иқтисод, молия ва бонкдории исломӣ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад дар доираи татбиқи “Нақшаи табдилдиҳии Бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ”, аз санаи 01 то 12-уми апрели соли ҷорӣ барои кормандони филиали ш. Хуҷанд ҳаррӯза аз соати 17:00 то 18:30 аз ҷониби сардори бахши амалиётҳои қарзӣ ва пасандозии филиал Қурбонов Ашурбоқӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуда, дар ҳамин  семинарҳо кормандон фаъолона иштирок  намуданд.

Ҳамчунин дар ин давра шаш семинари омӯзишӣ аз ҷониби кормандони филиал дар мавзӯъҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, маҳсулотҳои алоҳидаи бонкдории исломӣ, аз қабили Мушорака, Музораба, Мурабаҳа, Иҷора,Салам, инчунин оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ гузаронида шуда, ин иқдоми муфид дар филиал идома дорад.

Иловатан, бо иқдоми директори филиал дар ш. Хуҷанд Ҳошимов М.Ғ. санаи 14 апрели соли ҷорӣ бо кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкии дар зери тобеъати ба филиали ш.Хуҷанд, аз ҷониби сардори бахши амалиётҳои қарзӣ ва пасандозии филиал Қурбонов А.О. оиди мавзӯи “Бонкдории исломӣ ва маҳсулотҳои он” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар ин омӯзиш 10 нафар аз кормандони филиал ва 14 нафар аз кормандони Марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо иштироки фаъолонаи худ, сатҳи дониши худро дар ин самт такмил дода, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь