Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо

Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо

11 июни соли 2019 дар бинои ҶСК “Соҳибкорбонк”, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 10 майи соли 2019, зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо дода шуда буд, ҷаласаи корӣ гузаронида шуд. Ҷаласаи мазкур дар асоси Нақшаи Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Уроқова К.Д. — сардори Шӯъбаи назорати бонкдории исломии Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон ва аъзоёни раёсати Бонк ва сардорони воҳидҳои сохторӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Хотирнишон намуданд, ки камбудиҳои мавҷудаи сохторӣ дар низоми бонкӣ, пешгирии талафоти имконпазир ва коҳиш додани сатҳи хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми бонкӣ, дуруст ба роҳ мондани сиёсати қарздиҳӣ ва коҳиш додани меъёрҳои фоизӣ, кам кардани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ метавонад барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳои соҳа нақши асосиро бозад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои муайяншуда таҳияшуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи низоми бонкиро дар бар гирифтааст, аз ҷумла баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ, ҷалби бештари бонувон ба низоми бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол дар сандуқи қарзӣ, паст кардани меъёрҳои фоизӣ дар сиёсати қарзии бонкҳо, зиёд кардани доираи марказҳои хизматрасонии бонкӣ, интихоби дурусти кадрҳои баландихтисос дар воҳидҳои сохтории бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ва ғайра.

Аз ин рӯ, барои иҷрои нақшаю чорабиниҳои мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои дар мулоқот зикргардида ҶСК “Соҳибкорбонк” – ро зарур аст, ки тамоми чораҳои заруриро андешад.

Поделиться


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo «Этот текст выведен с помощью php функции echo»;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь