Ба имзо расидани шартнома оид ба аввалин системаи автоматиконидашудаи бонкии исломӣ

Ба имзо расидани шартнома оид ба аввалин системаи автоматиконидашудаи бонкии исломӣ

28 октябри соли 2018 дар фазои тантанавӣ, санади таърихӣ барои Бонк – шартнома байни ҶСК Соҳибкорбонк ва Ширкати Кувайтии ITS – International Turnkey Systems оид ба татбиқи аввалин системаи автоматикунонидашудаи бонкии исломӣ ба имзо расид.

ҶСК Соҳибкорбонк аввали соли ҷорӣ бо ҳамкории ICD озмун барои интихоби ширкати таъминкунандаи системаи автоматикунонидашудаи бонкии исломӣ эълон намуд. Дар озмун 4 ширкати варзидаи ҷаҳонӣ Oracle, ITS, Path-solutions LYST  маҳсулотҳои худро муаррифӣ карданд. Барои баҳодиҳӣ ва арзёбии пешниҳодҳои ширкатҳои дар боло зикргардида аз ҳисоби мутахассисони Соҳибкорбонк, ICD, инчунин, мушовирхои беруна гурӯҳи баҳодиҳӣ ташкил карда шуд. Мувофиқи баҳогузории  гурӯҳи баҳодиҳӣ, ширкати ITS ғолиби озмун дониста шуд.

Ширкати ITS яке аз аввалин ширкатҳои тавлидкунандаи САБ-и исломӣ буда, соли 1981 ташкил шудааст. Як қатор Бонкҳо ва институтҳои бузурги молиявии исломӣ аз маҳсулот ва хизматрасонии ширкати мазкур истифода мебаранд.

Системаи автоматиконидашудаи бонкии исломӣ бо вижагиҳои худ аз системаи бонкии анъанавӣ фарқ намуда, дар баробари иҷрои ҳамаи амалиётҳои бонкдории анъанавӣ дорои модулҳои Мудараба, Мушарака, Истисна, Салам, Иҷара, Мурабаҳа ва дигар маҳсулотҳои бонкии исломӣ мебошад.

Дар баробари ҷорӣ намудани системаи мазкур, дар ҶСК Соҳибкорбонк Интернетбонкинг ва Мобайлбонкинг аз тарафи Ширкати мазкур роҳандозӣ карда мешавад.

Рӯзҳои наздик ҳайати гурӯҳи корӣ аз тарафи Бонк ва ширкати ITS, тибқи нақшаи қабулшуда ба кор шурӯъ мекунад, ки ин яке аз ҷузъҳои асосии раванди табдилдиҳии ҶСК “Соҳибкорбонк” аз бонки анъанавӣ ба бонкии исломӣ мебошад.

Share this post


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь