“Тоҷири ростгӯ дар рӯзи қиёмат ҳамроҳи содиқон ва шоҳидон маъшур мешавад.”

“Тоҷири ростгӯ дар рӯзи қиёмат ҳамроҳи содиқон ва шоҳидон маъшур мешавад.”

Агар корманду коргар содиқона ба вазифа ва масъулияте, ки дорад амал кунад ва ҷиддӣ талош намояд, дар рӯзи қиёмат бо беҳтарин бандагони Худо яъне Паёмбарони илоҳӣ, сиддиқину шуҳадо ҳамроҳ хоҳад буд ва ин мақому мартабае аст, ки ҳар кас наметавонад ба он бирасад.

Исо (а) мардеро дид, гуфт: “Ту чи кор кунӣ?” Гуфт: “Ибодат кунам”. Гуфт: “Қут (ғизо) аз куҷо хурӣ?” Гуфт: “Маро бародаре аст, вай қути (ғизо) ман рост медорад (таъмин мекунад)”. Гуфт: “пас бародари ту аз ту обидтар аст”.

Умар (р) гуфт, ки даст аз касб бимадореду гӯед: Худой Таъоло рӯзӣ диҳад, ки Худой Таъоло аз осмон зару сим нафиристад.

Расули Худо (с.а.с.) гуфт: “Ҳар ки аз дунё ҳалол талаб кунад, то аз халқ бениёз шавад ва ё бо ҳамсояю хешовандони хеш некӯӣ кунад, рӯзи қиёмат меояд ва рӯи вай чун шаби моҳи ҷаҳордаҳ бошад”. Ва гуфт: “Бозаргони ростгӯй рузи қиёмат бо сиддиқону шаҳидон ба ҳам хезад”. Ва гуфт: “Тиҷорат кунед, ки рӯзии халқ аз даҳ нӯҳ дар тиҷорат аст”

Пора аз Китоби Имом Ғазолӣ,  Дар одоби касбу тиҷорат (саҳ.401)

Share this post


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь