Вазифаҳои холӣ

Вазифаҳои холӣ

ҶСК “Соҳибкорбонк” омода аст, ки  барои шахсони корозмудаи таҷрибадор ва мутахассисони ҷавони таҷрибаи кории бонкӣ дошта вазифаҳои муносиб ва ояндадорро  пешкаш  намояд.

Дар робита ба пешрафти мунтазами Бонк, вазифаҳои нави холӣ кушода шудаанд, ки барои он шумо метавонед талабгор бошед ва қобилияти худро ҳаматарафа дар тими мо нишон диҳед.

Вазифа: Сардори бахши амалиётҳои қарзӣ ва пасандозӣ

Ҷойи кор: филиали ҶСК “Соҳибкорбонк” дар н. Рӯдакӣ,  кӯчаи к. Пушкин 42 А,

Талаботҳо:

  • дорои маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 3сол;
  • дорои дониши молиявӣ, муҳосибавӣ, инчунин амалиётҳои қарзӣ, депозитӣ ва асъорӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малака ва маҳорати муоширатӣ корӣ, қобилияти назорат;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • омухтани бозор ва ояндабинии талаботи маҳсулоти бонкӣ;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 06.05.2019с.

 

Вазифа: Сармутахассис

Ҷойи кор: филиали ҶСК “Соҳибкорбонк” дар ш. Бохтар,  к. Норинов 6

  • дорои маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
  • собиқаи кории бонкӣ дар соҳаи бонкӣ на камтар аз 3сол;
  • дорои дониши молиявӣ, муҳосибавӣ, инчунин амалиётҳои қарзӣ, депозитӣ ва асъорӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • малака ва маҳорати муоширатӣ корӣ, қобилияти назорат;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • омухтани бозор ва ояндабинии талаботи маҳсулоти бонкӣ;

донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 06.05.2019с.

 

Вазифа: Мутахассиси  таҳлилгарӣ Шӯъбаи мониторинги хавфҳои бонкӣ

Талаботҳо:

дорои маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;

  • собиқаи кории бонкӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо на камтар аз 5 сол;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • дорои дониши молиявӣ, муҳосибавӣ, инчунин амалиётҳои қарзӣ, депозитӣ ва асъорӣ;
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

Вазифа: Сармутахассиси (оиди масоили маркетинг ва робитаҳои беруна) Шӯъбаи маркетинг ва рушди бизнес

Талаботҳо:

  • дорои маълумоти олӣ дар соҳаи маркетинг;
  • собиқаи кории дар соҳаи маркетинг на камтар аз 3 сол;
  • тарзи тафаккури таҳлилгарӣ;
  • омухтани бозор ва ояндабинии талаботи маҳсулоти бонкӣ;
  • раванди банақшагирӣ ва ҷори намудани ақидаҳо, нархгузорӣ, пешбарӣ ва ба амалбарории ғояҳо, молҳо ва хизматҳои бонкӣ;
  • ҷамъоварии ахборот, тадқиқи маркетингӣ, банақшагирии фаъолият оид ба барориш ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
  • Таҳияи нақшаи маркетингӣ (SWOT-таҳлил, STEP-таҳлил, сегментатсияи истеъмолкунандагон, ҷойгиркунии хизматрасониҳои ширкат дар бозор);
  • Таҳияи РИМ ( варақаҳои рекламавӣ, китобчаҳо, лифлетҳо, буклетҳо, визиткаҳо, баннерҳо ва ғайра);
  • малакаи касбии кор бо компютер MS Office (Word, Excel, Power Point) ва донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабакаҳои интернет;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва молиявӣ.

Вазифа: Сармутахассиси Шӯъбаи комплаенс

Талаботҳо:

  • дорои маълумоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои шариатӣ ё молияи исломӣ;
  • собиқаи кории 3 сола дар низоми бонкӣ ҳамчун аудити шариатӣ, комплаенс ё малакаи машваратчӣ ва таълимдиҳӣ дар бонкдории исломӣ ё “равзанаи” бонкдории исломӣ;
  • идоракунии хавфҳои шариатӣ ва пешгирии онҳо;
  • қобилияти таҳия намудани протоколҳо, қарорҳо, сиёсатҳо ва қоидаҳои (фатвоҳо) шариатӣ;
  • таъмини бевоситаи талабот ва қоидаҳо (фатвоҳо) дар бонк;
  • муносибати кушоду равшан ба масъалаҳои гузошташуда ва қобилияти саривақт иҷро намудани онҳо;
  • қобилияти кор карда тавонистан бо компютер, донистани барномаҳои Microsoft office, 1C,MFSys ва ғ.;
  • қобилияти корӣ ба таври низомӣ ва сохторӣ
  • ҳиссиёти баланди масъулиятнокӣ;
  • донистани забонҳои давлатӣ (тоҷикӣ), арабӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
  • донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қонунгузории фаъолияти бонкӣ ва шариатӣ ё молияи исломӣ.

 Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, , кӯчаи Нисор Муҳамад, б.  10/17, Хадамоти кадрӣ ё метавонед Маълумотномаро дар сомонаи  www.skb.tj (бо расм) пур намуда ба почтаи электронии  hr@skb.tj, ирсол намоед.

Барои маълумот – тел: +992 (44) 600 47 63

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳото 01.05.2019с.

*  Номзадони ба талаботҳо ҷавобгӯй барои даври минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд.

Share this post


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь