Иқдоми “Бо Рамазон ба Макка”-ро истиқбол гиред!

Иқдоми “Бо Рамазон ба Макка”-ро истиқбол гиред!

ҶСК «Соҳибкорбонк» дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, иқдоми «Бо Рамазон ба Макка» -ро эълон мекунад.

Фонди мукофотӣ — 3 роҳхат ба «ҳаҷи Умра».

Аз хизматрасониҳои низоми интиқоли маблағҳои пулии бонкии мо истифода бурда, барои бурд кардани роҳхат ба «ҳаҷи Умра» имконият пайдо кунед.

Иқдом танҳо дар давоми моҳи шарифи Рамазон амал мекунад.

Мавзӯи бурд: Пардохтҳои интиқоли воситаҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи моҳи шарифи Рамазон.

Сана, вақт ва макони гузаронидани бурди тӯҳфаҳо дар доираи Иқдом:

  • Бурди тӯҳфаҳо як маротиба дар санаи 14 июни соли 2019 сурат мегирад
  • Бурди тӯҳфаҳо дар Бонки марказӣ баргузор мегардад

Натиҷаҳои бурд дар сомонаи www.skb.tj нашр карда мешавад. Ғолибон аз рӯи маълумотҳои шахсии барои тамос нишондодаашон хабардор карда мешаванд.

Шартҳои иштирок дар Иқдом:

  • Гирифтани маблағи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа интиқолшуда аз ҷониби шахсони воқеӣ дар давраҳои аз 06.05.2019 то 06.06.2019 сол ҳисоб карда мешавад;
  • Ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гирифтани маблағҳои интиқолӣ бояд пешниҳод карда шавад.

Ҷоиза:

  • Интиқоли хуштолеъ (се ҷои мукофотӣ аз рӯи сатҳи камшавии маблағи интиқол)

Фонди мукофотии иқдом – се роҳхати сафар ба “ҳаҷи Умра”.

Шартҳои умумии ИҚДОМ:

  • Дар бозии бурднок ҳамаи муштариён, ки дар ин давра маблағҳои интиқолиро аз хориҷи кишвар ба воситаи низоми интиқоли маблағҳо қабул кардаанд иштирок меварзанд
  • Иштирокчӣ, ғолиби ҷоиза, вазифадор аст, ки ба ташкилкунандаи иқдом ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташро пешниҳод намояд
  • Мукофотҳои иқдоми мазкур бо эквиваленти пулӣ дода намешаванд
  • Қарори ташкилкунанда аз рӯи ҳамаи масъалаҳои вобаста ба гузаронидани иқдомҳо ба ҳамаи иштирокчиён паҳн мегардад
  • Ғолиби иқдом, ҳуқуқ дорад, ки роҳхатро ба хеши наздикаш, яъне падари худ, бародараш, ва ғ. диҳад

Тартиб ва мӯҳлати гирифтани бурдҳо:

  • Супурдани тӯҳфаҳо ба ғолибони иқдом   дар давоми 2-3 рӯзи корӣ аз рӯзи нашри иттилоот дар бораи натиҷаҳои иқдом дар сомонаи www.skb.tj сурат мегирад. Ғолибон аз руи маълумотҳо барои тамос, ки дар аризаҳояшон дар бораи гирифтани маблағ нишон додаанд хабардор карда мешаванд
  • Ғолибон вазифадоранд, ки ба борхат ва дигар ҳуҷҷатҳо оиди қабули мукофот, барои ба расмият даровардани он имзои худро гузоранд

Барои маълумоти бештар бо рақами +992 (44) 600-47-61 тамос гиред.

Ташаккур, ки бо мо ҳастед!

Share this post


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь