ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ фаъолияташро оғоз менамояд

ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ фаъолияташро оғоз менамояд

Имрӯз санаи 16-уми сентябри соли 2019 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 116 ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тавҳидбонк” аввалин Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ дода шуд.

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тавҳидбонк” бо дастгирии бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз яке аз аввалинҳо шуда соҳиби Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои ба принсипҳои бонкдории исломӣ асосёфта гашт.

Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тавҳидбонк” ба ҳайси аввалин бонки исломӣ аз ин рӯз ва баъд фаъолияташро тибқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ба роҳ хоҳад монд.

Раванди табдилдиҳии бонк аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ марҳилаҳои зеринро дар бар гирифт:

14 марти соли 2017 байни “Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК «Соҳибкорбонк», Ёддошти (Меморандум) тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

31 марти соли 2017 аз ҷониби Раёсати Бонк ва 28 апрели соли 2017 аз ҷониби Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Соҳибкорбонк», ин Ёддошти тафоҳум маъқул дониста шуд.

26 феврали соли 2018 Созишномаи “Оиди пешниҳоди хизматрасонии мушовирӣ” байни “Корпоратсияи Исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) ва ҶСК «Соҳибкорбонк» ба имзо расид.

27 апрели соли 2018 Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК  “Соҳибкорбонк” оиди табдилдиҳии ҶСК «Соҳибкорбонк» ба бонки исломӣ қарор қабул кард.

12 марти соли 2018 ҳамкории байни ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ICD оиди татбиқи Лоиҳаи табдилдиҳии бонк ба бонки исломӣ расман оғоз гардид.

29 октябри соли 2018 Шартномаи ҳамкорӣ байни ҶСК “Соҳибкорбонк” ва Ширкати International Turnkey Systems (ITS) баҳри ҷорӣ намудани аввалин барномаи автоматикунонидашудаи бонк (НАБ), бо назардошти ҳамаи паҳлуҳои талаботи Бонк ба маҳсулоти бонкдории исломӣ, ба имзо расонида шуд.

25-уми январи соли 2019 дар доираи татбиқи Лоиҳаи табдилдиҳии ҶСК «Соҳибкорбонк» аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ аввалин вохӯрӣ бо мизоҷони ҷории бонк дар мавзӯъи ҳамкории минбаъда аз рӯи принсипҳои маблағгузории исломӣ баргузор гардид.

26-уми июни соли 2019 номи ҶСК “Соҳибкорбонк” ба ҶСК “Тавҳидбонк”тағйир дода шуд.

9-уми июли соли 2019 ба Бонки миллии Тоҷикистон Дархост оиди додани иҷозатнома барои ба амал баровардани амалиётҳои бонкии исломӣ, ирсол гардид ва таърихи 16-уми сентябри соли 2019 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон таҳти № 116 ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Тавҳидбонк” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ дода шуд.

Маълумот оиди ҶСК “Тавҳидбонк”

ҶСК “Тавҳидбонк” санаи 12 июни соли 1999 ҳамчун Бонки саҳомию тиҷоратии мададрасонии соҳибкории “Соҳибкорбонк” таъсис дода шуда фаъолияташро аз 14 июни соли 1999 ба ҷои “Тоҷикбанкбизнес” оғоз намудааст.

17 майи соли 2002 номгӯи БСТ МС “Соҳибкорбонк” ба ҶСК “Соҳибкорбонк” тағйир дода шуда 26-уми июни соли 2019 номи ҶСК “Соҳибкорбонк” ба ҶСК “Тавҳидбонк”тағйир дода шуд.

Дар тули 20 соли фаъолияти пурсамар Бонк якчанд маротиба саҳомони худро иваз кард ва аз январи соли 2011 таҳти роҳбарии саҳомони нав ҳамчун бонки фоидаовар гашт. Айни замон ҶСК “Тавҳидбонк” дорои 5 филиал ва 56 Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.

Share this post


Подать заявку на кредит

×
Обратная связь

×

[exec]echo “Этот текст выведен с помощью php функции echo”;[/exec]

×
Заявка на кредит
Обратная связь